ДУШАНБЕ, 28 мая — Sputnik. Директори Агнетии содироти кишвар Баҳриддин Сироҷиддинзода дар вохӯрӣ бо Сафири Туркия дар Тоҷикистон Умут Аҷар ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуд.
Баҳриддин Сироҷиддинзода зимни мулоқот қайд кард, ки қайд намуд, ки Туркия яке аз шарикони асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар содироту воридоти кишвар мавқеи муҳимро ишғол менамояд.
“Барои бозҳам тақвият додани савдои дуҷониба мо метавонем бо таҷрибаи ҷониби туркӣ дар ҳамбастагӣ марказӣ агро-логистикиро дар кишвар сохта ба истифода диҳем, ки ин ба мо имкон медиҳад, ки маҳсулоти хушсифат ва мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ бандубаст карда, бо нархҳои барои ҳарду ҷониб мусоид, ба бозорҳои сеюм содирот намоем”, - қайд кард ӯ.
Сафири Туркия пешниҳоди мазкурро қобили таҷаҷҷӯҳ намуда, барои амали гаштани он мусоидати ҳаматрафаи худро баён намуд.
Ҳамзамон, Умут Аҷар қайд намуд, ки ҷонибҳо метавонем бо истифодаи аз таҷрибаи туркӣ дар мавзеъҳои алоҳидаи кишвар баъзе аз маҳсулотҳои кишоварзиро парвариш намуда, онро ба содирот равона намоянд.
Ҷонибҳо дар ин дидор пешниҳод намуданд, ки раванди ҳамкориро идома дода, барои татбиқи амалии ташаббусҳои пешниҳодшуда чораҳои мушаххас андешанд.