Дар Душанбе ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд

Тоҷикистону Қирғизистон масоили ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, тартиби рафту омад ва будубоши шаҳрвандон ва дигар масъалаҳоро баррасӣ намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 мая — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе машваратҳои консулӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид.
Дар ин бора Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои ВУХ ҳайати Тоҷикистонро cардори Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Сафарзода Баҳодур роҳбарӣ кард.
Ҷониби Қирғизистон дар машваратҳо Директори департаменти хадамоти консулии Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон Жумакадир уулу Сейтек муаррифи намуд.
Қайд карда шудааст, ки дар ҷараёни машваратҳо масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуд.
Аз ҷумла тарафҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, тартиби рафту омад ва будубоши шаҳрвандон ва дигар масъалаҳои мубрами консулӣ баррасӣ намуданд.
Парлумон созишнома байни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистонро тасвиб кард
ВУХ зикр карджааст, ки ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои минбаъда ва идомаи муколамаи созанда таъкид намуданд.
Қайд карда шудааст, ки машваратҳо дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардиданд.