Теъдоди тамокукашон дар 20 соли охир дар саросари ҷаҳон 300 млн нафар коҳиш ёфт - СҶБ

СҶБ аз тамоми кишварҳои узв даъват мекунад, ки истеъмол, истеҳсол, фурӯш ва паҳнкунии маҳсулоти тамокуро ба таври қатъӣ танзим кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Дар 20 соли охир истеъмоли тамоку дар саросари ҷаҳон тақрибан сеяк кам шудааст.
Тибқи гузориши Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, дар ин муддат шумори тамокукашон 300 миллион нафар коҳиш ёфтааст.
Директори генералии СҶБ Тедрос Адханом Гебрейюс қайд кард, ки ин натиҷаи Конвенсияи чаҳорчӯба оид ба мубориза бо тамоку мебошад, ки ду даҳсола пеш эътибор пайдо кардааст.
"Аммо, тамоюли поинравӣ сабаби оромӣ нест, зеро тамоку ҳамчунон сабаби аслии марги пешгиришаванда дар саросари ҷаҳон боқӣ мемонад. Мутаасифона ҳамасола 8,7 млн нафар аз ин одати зараровар мефавтанд", - омадааст дар гузориш.
Илова бар ин, дуди тамоку ҳаёти тамокукашони ғайрифаъол, яъне атрофиёнро заҳролуд мекунад. Ҳамин омил ҳамасола боиси марги беш аз 1,2 млн нафар мешавад.
Дар Душанбе фурӯши тамоку ва машрубот ба ноболиғон зиёд шудааст: ВКД тоҷиронро ҳушдор дод
Тибқи хулосаи қатъии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, сарфи назар аз намуд ва миқдори вояи истеъмоли тамоку ба саломатӣ зараровар аст.
Бо дарназардошти вазъи кунунӣ, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аз тамоми кишварҳои узв даъват кардааст, ки истеъмол, истеҳсол, фурӯш ва паҳнкунии маҳсулоти тамокуро ба таври қатъӣ танзим кунанд.