ДУШАНБЕ, 22 май – Sputnik. Моҳҳои январ - апрел соли ҷорӣ ҳаҷми гардиши тиҷорат байни вилоятҳои Суғд ва Бодканди Қирғизистон ба 2,4 млн. доллар афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора Дилором Муйдинзода, сардори бахши омори савдо дар Сарраёсати Агентии омор дар вилояти Суғд ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
Бино ба хабари манбаъ ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта (2024 – 84 ҳазор доллар) 28 баробар афзудааст.
“Дар ин давра ба андозаи 917 ҳазор доллар ё 39% мол содир шуда ва дар ҳаҷми 1,4 млн. долар ва ё 61% мол аз Бодканди Қирғизистон ба Суғд ворид шудааст” – иттилоъ дод, Муйдинзода.
Бар пояи иттилои идораи омор давоми моҳҳои январ - апрел соли ҷорӣ аз Суғд ба Қирғизистон ба ҳисоби қувваи барқ, бештар молу маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷумла 358 тон пиёз, 29 тон карам, 52 тон меваи тару тоза, 22 тон меваи хушк ва инчунин масолеҳи саноатӣ аз қабили 17 тон қолин, 46 тон сихҳои алюминӣ ва 11 тон бозичаҳои кӯдакона содирот шудааст.
Дар ин муддат аз Қирғизистон ба Суғд ба ҳисоби қувваибарқ, дар ҳаҷми 509 тон сабзавоти тару тоза, 46 тон сабзавоти лубиёӣ, 23 тон ғаллдона, 195 тон маҳсулоти макаронӣ, 20 тон нӯшокиҳои ташнашикан, инчунин 21 тон маҳсулоти пластикӣ, 266 тон сангҳои мармарӣ ва 14 тон мошинҳои ҷомашӯӣ ворид карда шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов рӯзи 13 марти имсол баъди чаҳор соли баста будан, ду гузаргоҳи марзӣ: "Гулистон"- “Қизил-Бел” ва "Маданият" - "Қайрағоч"-ро расман боз карданд.
Раҳбарони ду кишвар зимни ифтитоҳи гузаргоҳҳо қайд карданд, ки марҳала ба марҳала гузаргоҳҳои дигари марзӣ байни ду кишвар ҳам бозкарда мешаванд.
Коршиносони умури иқтисод мегуянд, кушодашавии марз миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон роҳи муҳими рушду густариш додани тиҷорат миёниин ду кишвари ҳамҷавор ба ҳисоб меравад.