Маркази кишоварзии Русияву Тоҷикистон дар Суғд метавонад соли 2026 ба фаъолият оғоз кунад

Мақомоти вилоят ҳамчунин бо ширкатҳои русӣ барои таъсиси як маркази паҳнкунии колоҳои Федератсияи Русия дар МОИ "Суғд" ҳамкорӣ мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Қарор аст, дар соли оянда як маркази муштараки агрологистикии Русияву Тоҷикистон ба кор андохта шавад.
Он дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" кор хоҳад кард, хабар дод муовини раиси вилояти Суғд Анвар Ёқубӣ дар ҳошияи Форуми XVI байналмилалии иқтисодии "Русия - ҷаҳони ислом: KazanForum", хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
"Ин заминаи хубе барои таҳкими равобити тиҷоратӣ бо минтақаҳои Русия хоҳад шуд ва дар навбати аввал имкон медиҳад, ки онҳоро бо сабзавоту меваҳои хушсифат таъмин кунем", - қайд кард ӯ.
Ба гуфтаи вай, кор бо як ширкати кишвари Красноярск низ идома дорад, ки лоиҳаи таъсиси маркази тақсими колоҳои Русияро дар МОИ "Суғд" омода кардааст.
Тоҷикистон мехоҳад боз як парки технологӣ ҳамроҳ бо Русия бунёд намояд
Ширкатҳои Эрон низ ба ин платформа пайваст мешаванд, ки асоси афзоиши гардиши тиҷорӣ байни кишварҳост, афзуд Анвар Ёқубӣ, дар сӯҳбати онлайнӣ дар KazanForum.
Қаблан дар бораи эҳтимоли бунёди боз як парки технологии Русияву Тоҷикистон маълум шуда буд.
Лоиҳаи шабеҳи лоиҳаи Душанбе шояд дар вилояти Суғд, маҳз дар Гулистон дар заминаи корхонаи қолинбофии Қайроқум пайдо шавад.