Музокироти мустақими Русияву Украина дар Истанбул анҷом ёфт

Музокирот ва дидори ҳайатҳои Русия ва Украина, ки дар шаҳри Истанбули Туркия сурат гирифт, ба анҷом расид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 мая — Sputnik. Нахустин музокироти ҳайатҳои Русия ва Украина дар се соли ахир дар Истанбул анҷом ёфт.
Мулоқот қариб ду соат давом кард, гуфт як манбаъ аз вазорати корҳои хориҷии Туркия ба РИА “Новости”.
Мулоқоти сеҷонибаи Русия, Украина ва Туркия рӯзи ҷумъа соати 13:37 ба вақти Маскав оғоз ёфт. Ба музокирот Иброҳим Калин, раиси Идораи истихбороти Туркия низ ҳамроҳ шуд.
Вазири хориҷаи Туркия Ҳакон Фидан дар оғози музокирот ба ҷонибҳо сухани ифтитоҳӣ дод.
"Вохурӣ соати 15:20 дақиқа ба вақти Маскав ба охир расид", — хабар дод манбаъ.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Зарбаи артиши Русия ба зерсохторҳои фурудгоҳои Украина
Қаблан рӯзи ҷумъа дар Истанбул нишасти ҳайатҳои Амрико, Украина ва Туркия баргузор шуда буд.ул метавонад ба сулҳи пойдор расонад, агар тарафҳо бархурди созанда дошта бошанд.
Қаблан рӯзи ҷумъа дар Истамбул нишасти ҳайатҳои Амрико, Украина ва Туркия баргузор шуда буд.