Тотористон ният дорад муҳоҷирони тоҷикро ба "Алабуга" ҷалб намояд

Мақомоти Тоҷикистону Ҷумҳурии Тотористони Русия масъалаи ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони тоҷик ба корхонаҳои маҳаллӣ баррасӣ намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Ахиран дар шаҳри Қазони Тотористон вохӯрии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа бо Вазири меҳнат, шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тотористон Зарипова Элмира Амировна баргузор гардид.
Ин вохурӣ дар ҳошияи баргузории Форуми XVI байналмилалии иқтисодии "Русия - ҷаҳони ислом: КАЗАНФОРУМ" сурат гирифт.
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот ду вазир дар бораи самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла идоракунии раванди муҳоҷират, масоили шуғли пурмаҳсул, омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ тибқи талаботҳои бозори меҳнати кишвари пазиро, ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар корхонаҳои маҳаллӣ ибрози назар намуданд.
Қайд карда шудааст, ки вазири меҳнати Тотористон дар ин дидор қайд кард, ки дар минтақа корхонаҳои калони саноатӣ, аз ҷумла минтақаи махсуси иқтисодии "Алабуга" фаъолият мекунанд, аммо норасоии кадрҳо мушоҳида мешавад.
Кадом мансабдори Тоҷикистон дар KazanForum 2025 ширкат хоҳзад кард?
Ба иттилои номбурда, ҳар сол дар минтақа даҳҳо ҳазор муҳоҷирони меҳнатӣ аз дигар давлатҳо кор мекунанд, ки аз рӯи шумора дар ҷойи аввал шаҳрвандони Ӯзбекистонанд.
Инчунин бо назардошти вазъи воқеъӣ ва зарурати фароҳам овардани шароитҳои ҷолиб барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тариқи муташаккилона сафарбар мегарданд, ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими пайвастаи ҳамкорӣ ва рушди муносибатҳои дуҷониба изҳор намуданд.