ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Дар роҳҳои Душанбе электробуси замонавӣ ҳаракат мекунанду ба сокинон хизмат мерасоананд.
Тавре Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба корхонаи “Акиа Авесто автоматив индастри” ташриф оварданд.
Қайд карда шудааст, ки раисҷумҳур баъди шиносоӣ бо фаъолияти корхона 30 электробуси замонавиро бо тамғаи “Акиа нерӯ” мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
“Бо мақсади ба шаҳри сабз табдил додани шаҳри Душанбе, беҳтар намудани вазъи экологӣ, кам кардани партовҳои газҳои гулхонаии ширкати мазкур бори аввал дар Тоҷикистон истеҳсоли электробусҳоро ба роҳ монда, дар марҳилаи аввал 30 адад электробус истеҳсол намуд”, - қайд кардааст манбаъ.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳаҷми умумии батареяҳои электробус 350 кВт-соатро ташкил дода, иқтидори ҳаракати автономиаш то 300 км роҳро дар бар мегирад.
Кафолати батареяҳо ва дигар қисмҳои барқии электробус 600 ҳазор километр ё 8 сол мебошад.
Гуфта мешавад, ки барои ҳар рӯз бо барқ таъмин намудани воситаҳои нақлиёти мазкур дар корхонаи коммуналии воҳиди давлатии “Автобус-1”-и пойтахт нуқтаи барқтаъминкунии замонавӣ бунёд карда шудааст.
Мақомоти шаҳри Душанбе нақша дорад то соли 2028 пурра ба нақлиёти мусофиркаши барқӣ гузарад.
Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки истеҳсоли электробусҳо зиёд карда шуда, талаботи дигар шаҳрҳои кишвар ба инобат гирифта шавад.
Ёдовар мешавем, ки ширкати “Акиа Авесто автоматив индастрӣ”, ҳамчун ширкати муштараки Тоҷикистону Туркия фаъолияти худро моҳи январи соли 2018 оғоз намуда, воситаи нақлиёти ҷамъиятии мусофирбари замонавии тамғаи “Акиа”-ро банду баст ва истеҳсол карда, барои саноатикунонии босуръати кишвар саҳми худро гузошта истодааст.