ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Ҳудуди 60% муҳоҷирон дар минтақаи Сибири Русия шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон мебошанд.
Дар ин бора намояндаи ваколатдори президенти Русия дар ҳавзаи федеролии Сибир Анатолий Серишев хабар дод.
Номбурда қайд кард, ки ҳамасола ҳудуди 650 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ба вилоят меоянд ва ҳадафи онҳо кор кардан аст. Аммо то охири соли 2024 ҳамагӣ 7,5 ҳазор муҳоҷир курсҳои мутобиқшавиро дар марказҳои махсус хатм кардаанд.
Ба гуфтаи намояндаи ваколатдор, шумори хориҷиёне, ки чунин курсҳоро хатм кардаанд, бояд зиёд карда шавад. Ғайр аз ин ба кори мутобиқкунӣ бояд корфармоён ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ низ ҷалб шаванд.
Вай дар ҷаласаи Шӯрои ҳавзаи федеролии Сибир дар Новосибирск гуфт, ки "Сиёсати муассири муҳоҷират на танҳо назорат ва танзим, балки фароҳам овардани шароитест, ки шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд дар ҷомеаи Русия зудтар ҳамгиро шаванд".
Серишев афзуд, ки аксари муҳоҷирони меҳнатӣ дар минтақаҳои бузурги Сибири Русия ҳастанд, ки дар ҷомеа ташаннуҷи муайяне ба вуҷуд меорад.