ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Дар соли гузаштаи Эрон (аз 20 марти соли 2024 то 20 марти соли 2025) воридоти маҳсулот аз Тоҷикистон дар муқоиса бо соли қаблӣ (аз 21 марти соли 2023 то 19 марти соли 2024) аз рӯи арзиш 17,8% афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора хабаргузории “Trend” дар истинод ба омори Идораи гумруки Эрон хабар додааст.
Бар асоси омор, дар соли гузашта воридоти маҳсулоти Эрон аз Тоҷикистон 39,9 ҳазор тонна ба маблағи 90,2 миллион долларро ташкил додааст.
Асосан аз Тоҷикистон ба Эрон пахта, матои абрешими, таҷҳизоти гуногун ва ғайра ворид шудааст.
Тибқи омори мақомоти Эрон, ки дар соли гузашта гардиши ғайри нафтии Эрон бо Тоҷикистон 528 ҳазор тонна ба маблағи 393 миллион долларро ташкил додааст.
Қобили зикр аст, ки тибқи омори Идораи гумруки Эрон, воридоти маҳсулот аз Эрон дар соли гузашта 39 миллион тонна, ҳудуди 66,3 миллиард долларро ташкил додааст.
Воридоти махсулот нисбат ба соли гузашта 9,77% фоиз афзуд.
Бояд гуфт, ки Эрон ҳангоми воридоти маҳсулот пеш аз ҳама ба воридоти колоҳои зарурӣ таваҷҷуҳ мекунад ва ҳамзамон дар воридоти маҳсулоте, ки дар дохили кишвар тавлид мешавад, маҳдудиятҳои муайяне ҷорӣ мекунад.