ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik.Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон дар дидор бо Муҳаммад Навзарӣ, устондори Қазвин гуфт ки дӯстии миллатҳои Эрону Тоҷикистон реша дар таърих дорад ва имрӯз ин дӯстӣ беш аз ҳар замоне афзоиш ёфтааст.
Вай таъкид кард, ки шаҳрҳои куҳан монанди Қазвин ва Хуҷанд ҳам метавонанд дар ин дӯстӣ таъсиргузор бошанд.
Сафири Тоҷикистон дар Эрон тасреҳ кард, ки пас аз сафари Пизишкён ба даъвати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба ин кишвар фасли ҷадиде аз муносиботи ду кишвар оғоз шуда ва ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ афзоиш хоҳад ёфт.
“Яке аз нишонаҳои дӯстии Эрону Тоҷикистон дар давраи муосир ин аст, ки Эрон нахустин кишваре буд, ки истиқлоли Тоҷикистонро табрик гуфт ва аввалин сафирро ба ин кишвар фиристод”, - гуфт Зоҳидӣ.
Вай баён кард, ки табодулоти тиҷории байни Эрону Тоҷикистон дар ҳоли ҳозири 400 миллион доллар аст, ки бо тавваҷуҳ ба тафоҳумномаҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ байни ду кишвар, ин адад ба беш аз як миллиард доллар афзоиш хоҳад ёфт.
Сафири Тоҷикистони лағви раводиди 30 рӯзаро дар ростои тавсеаи гардишгарӣ байни ду кишвар муассир донист ва гуфт, ки барпои ҳафтаҳои фарҳангӣ ва ҳузури гардишгарони ду кишвар ба тавсеаи иқтисоди гардишгарии Эрону Тоҷикистон кумак мекунад.