ДУШАНБЕ, 10 мая — Sputnik. Муҳаммадризои Ориф дар дидор бо Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захоири обии Тоҷикистон, баён кард, ки ду кишвари ҳамсоя ва бародар ҳастем, Эрони хонаи дувуми шумо ва Тоҷикистон хонаи дувуми мост, иттилоъ додааст хабаргузории “Тасним”.
Дар ин дидор, ки дар дафтари муовини аввали раисҷумҳур баргузор шуд, Ориф пас аз шунидани гузориш вазири энергетика ва захоири обии Тоҷикистон ватавзеҳотиӯ дар бораи натоиҷи 17-умин иҷлоси комиссиюни муштараки ду кишвар дар Шероз ва сатҳи равобити тиҷории ду кишвар гуфт, ҳеҷ монеаъе дар густариши равобити байни ду кишвар вуҷӯд надорад.
“Ин роҳбурд дар дараҷаи нахуст ба вижагиҳои муштараки фарҳангӣ, ҳавзаи тамаддунӣ ва ҳамзабон будан бармегардад ва хушбахтона бо иродае, ки дар мақомоти ду кишвар вуҷуд дорад, метавонем дар заминаҳои мухталифи равобити ду кишварро густариши диҳем”, - гуфт ӯ.
Муовини аввали раисҷумҳур зимни арзёбии мусбат аз баргузарии муназзами комиссиюни муштарак, бар иҷрои шудани тавофуқоти фимобайни ду кишвар, таъкид кард.
Ориф бо ишора ба зарфиятҳои мавҷуд дар равобити ду кишвар дар ҳавзаҳои мухталиф аз қабили иқтисодӣ, тиҷорӣ, санъатӣ, хадамоти фаннӣ, муҳандисӣ, гардишгарӣ, илмӣ ва омӯзишӣ гуфт : тақвияти иртибототи бахшҳои хусусӣ ду кишвар ҳоиз аҳамият аст.
Дар ин дидор, вазири энергетика ва захоири обии Тоҷикистон низ бо ташаккур аз меҳмоннавозӣ ба амали омада дар шаҳри Шероз, аҳамияту ҷойгоҳи Эрон дар сиёсати хориҷии Тоҷикистонро мавриди таъкид қарор дод.
Вай бо ишора ба раванди рӯ ба афзоиши ҳаҷми мубодилоти тиҷории ду кишвар, таъкид кард: тавофуқоти хубе дар иҷлоси комиссиюни муштараки ҳамкорӣ ҳосил шуд.
Дар ин росто, масъалаи таъсиси Маркази тиҷоратии Тоҷикистону Эрон ва Маркази фанноварӣ ва инноватсионии рақамӣ дар шаҳри Душанбе ҳамчун иқдоми муҳими таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба пешниҳод ва баррасӣ шуд.
Вазири энергетика ва захоири обии Тоҷикистон бо ишора ба даъвати нахуствазири Тоҷикистон аз муовини аввали раисҷумҳур барои сафар ба ин кишвар, иброз умедворӣ кард ки бо анҷоми ин сафари гоми ҷадидӣ барои тавсеаи равобити дӯстонаи ду кишвар бардошта шавад.