Эмомалӣ Раҳмон вориди Маскав шуд

Ҳадафи асосии сафари кории роҳбари Тоҷикистон ба Русия иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 80 - умин солгарди Рӯза Ғалаба мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 май – Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Маскави Русия шуд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар дод.
Дар фурудгоҳи “Внуково-2”-и шаҳри Маскав раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Русия самимона пазироӣ карданд.
Зимни ин сафар раисҷумҳури кишвар дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 80-солагии Ғалаба иштирок менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар ин сафар президенти Тоҷикистонро, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд
Раҳмон бо даъвати Путин роҳии Маскав шуд
Дар назар аст, Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар майдони Сурхи шаҳри Москва иштирок кунад.
Бояд гуфт, субҳи 8 май дар Тоҷикистон бо ҳузури Эмомалӣ раҳмон дар Боғи Ғалаба гузашти низомӣ баргузор шуда буд. Роҳбари давлат ҳамчунин зери Оташи абадӣ гулчамбар гузошт ва бо дақиқаи хомӯшӣ хотири ҳамаи қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватаниро пос доштанд.