Эъломи омодагии Тоҷикистон барои сармоягузорӣ дар бандари Чобаҳор

Ба иттилои мақомоти Эрон як ҳайати иқтисодии Тоҷикистон ба манзури баррасии фурсатҳои сармоягузорӣ аз бандари Чобаҳор боздид кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 мая — Sputnik. Мудири кулли банодир вадарёнавардии Сиистон ва Балуҷистон дар ин хусус, гуфт, ки дар ин ҷаласаи 17 комиссияи иқтисодии Эрону Тоҷикистон, ки дар Шероз баргузор шуд, зарфиятҳо ва фурсатҳои сармоягузорӣ дар бандари Чобаҳор мавриди баррасӣ ва табодули назар қарор гирифт, иттилоъ додааст хабаргузории “ИСНО”.
Ҳамчунин ҳайати тоҷикистонӣ бо ибрози ризоят аз зарфиятҳои бандари Ччобаҳор, омодагии худро барои сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталифи ин бандар роҳбурдӣ эълом кард.
Дар ҷараён ин нишаст, заминаҳои ҳамкории муштарак дар ҳавзаҳои ҳамли внқли дарёӣ, логистик, тронзит ва зерсохтҳои бандарӣ мавриди баҳс қарор гирифт.
Мудирикулли банодир вадарёнавардии Сиистон ва Балуҷистон Марям Зафарӣ низ дар ин дидор бо ишора ба мавқеъияти роҳбурдии бандари Чобаҳор, бар омодагии комили ин бандар барои ҷазби сармоягузорон хориҷӣ ба вижаи кишварҳои минтақа таъкид кард.
Ҳамчунин мудири сармоягузорӣ ва таъмини молии минтақаи озоди Чобаҳор гуфт, ки минтақаи озоди Чобаҳор бо тамаркуз бар ҷазби сармоягузориидохилӣ ва хориҷӣ, дар ҳоли табдил шудан ба яке аз муҳимтарин қутбҳои иқтисодӣ Эрон аст.
Маълум шуд Тоҷикистону Эрон дар Шероз чӣ санадҳо ба имзо расонданд
Марям Зафарӣ изҳор кард, ки чобаҳор ба унвони яке аз манотиқи озоди роҳбурдии Эрон, дар соли ҷорӣ бо тамаркузи вижа бар сармоягузорӣ барои тавлид, талош кардааст, то бо коҳиши девонсолорӣ (бюрократия)-и идорӣ, тасҳили фазои касбу кор ва ҳазфи мавонеъи қонунӣ, бистарии муносиб барои ҷазби сармоягузорон дохилӣ ва хориҷӣ фароҳам кунад.
Вай гуфт, ки дар ҳамин росто, ҳудуди 100 бастаи сармоягузорӣ дар заминаҳои мухталиф монанди санъати логистик, хадамоти гардишгарӣ, петрошимӣ ва фулодӣ тарроҳӣ шудааст .
Вай афзуд, минтақаи озоди Чобаҳор аз сармоягузоронидохилӣ ва хориҷӣ истиқбол мекунад, зеро шароити вижае барои сармоягузорӣ дар ин минтақаи фароҳам шуда аст.