ДУШАНБЕ, 4 мая — Sputnik. Дар Қазоқоистони сермиллат беш аз 20 миллион нафар шаҳрвандон дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ мекунанд, хабар медиҳад Qazstat.
Ба иттилои ҳамин манбаъ, дар миёни миллатҳои дигар дар Қазоқистон наздик ба 59 ҳазор тоҷик кору зиндагӣ мекунанд.
Дар маҷмӯъ да Қазоқистон 14 млн 457 хазор қазоқ зиндагӣ мекунанд, ки ин калонтарин гурӯхи этникӣ мебошанд.
Гурухи дуюми калонтарин русҳо мебошанд — 2.963.938 нафар. Дар ҷои сеюм узбекҳо бо 678 487 нафар қарор гирифтаанд.
Баъд аз рӯи тартиби рақамҳо:
украинҳо — 371807;
уйғурҳо — 305648;
олмониҳо — 223272;
тоторҳо — 218926;
озарбойҷониҳо — 155364;
кореягӣҳо — 120686;
туркҳо — 91732;
дунган — 86067;
белорусҳо — 74389;
тоҷикон — 58712;
курдҳо — 51171;
қирғизҳо — 40200.
Хар кадоми ин миллатҳо як қисми кишвари бузург мебошанд, ки симои Казокистони ҳозираро ташкил медиҳанд.
Манбаъ қайд кардааст, ки мардумони ин кишвар бо забонҳои гуногун ҳарф мезананд, сурудҳои гуногун месароянд, анъанаҳои гуногунро ҷашн мегиранд, чун муттаҳид ҳастанд.