ДУШАНБЕ, 2 мая — Sputnik. Вазорати дифои Тоҷикистон Эълон кардааст, ки 30 апрел нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар вилоятҳо ва тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пеш аз муҳлат 100% иҷро гардид.
Хабар дар бораи иҷрои нақша дар сомонаи Вазорати дифои Тоҷикистон нашр шудааст.
Қайд карда шудааст, ки пеш аз муҳлат иҷро гирдидани нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ натиҷаи фаъолияти хуби масъулини мақомот дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо будааст.
“Маҳз натиҷаи ҳамкории доимии онҳо бо мардум, гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ, ташкили чорабиниҳои тарғиботию ташвиқотӣ, тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамоату деҳшуроҳо ва баланд гардидани масъулияти ҷавонписарону волидони онҳо боис гардид, ки теъдоди шаҳрвандони ихтиёрӣ хеле зиёд гардад”, - қайд кардааст вазорати дифоъ.
Ба иттилои манбаъ, имсол аз ҷумла ҷавонписарони дорои маълумоти олӣ, фарзандони шахсони мансабдор ва хатмкардагони Муассисаи давлатии "Мададгори мудофиа", ки мутахассисони касбу соҳаҳои гуногун мебошанд ихтиёран ба сафи артиши миллӣ пайвастанд.
Вазорати дифоъ илова кардааст, ки ҷавонон барои ба хизмати ҳарбӣ рафтан сари вақт ба комиссияҳои давлатии даъват ҳозир мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи артиши Тоҷикистон дар асоси Фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007-и Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ" ва тибқи талаботи Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" аз 1 то 30 апрели соли равон дар ҷумҳурӣ идома ёфт.