Тоҷикистону Туркманистон ҳаҷми боркашонӣ ва транзити молҳоро зиёд мекунанд

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар дидор бо ҳамтои туркманаш таъкид кард, ҳамкориҳои дуҷониба мунтазам рушд карда ба сатҳи баланд баромаданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Вазири иқтисод ва молияи Туркманистон Астангулов Маметгули ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар дод.
Оқои Завқизода зимни мулоқот қайд кард, ки ҳамкориҳои дуҷониба мунтазам рушд карда ба сатҳи баланд баромадаанд.
Манбаъ қайд кардааст, ки ҷонибҳо омодагии худро барои зиёд намудани ҳаҷми гардиши савдо ва боркашонӣ, транзити молҳо ва кооператсияи саноатӣ таъкид намуданд.
Ҳамзамон вазири тоҷик ҳамтои туркманашро ба Конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват кард.
Тавофуқи Тоҷикистону Туркманистон дар бораи имтиёзҳои нави транзитӣ барои боркашонӣ
Манбаъ қайд кардааст, тарафҳо тасмим гирифтанд, ки барои иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои роҳбарони давлатҳои Тоҷикистону Туркманистон корҳои заруриро тақвият хоҳанд дод.