ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) Тсю Донгюй масоили ҳамкории ҷумҳурӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, аз ҷумла бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзиро, баррасӣ кард.
Ҳамчунин Таваҷҷуҳи зиёд ба тақвияти иқтидори комплекси агросаноатӣ, таъмини низоми босуботи озуқаворӣ, мутобиқшавӣ ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист зоҳир гардид.
Татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои идораи самараноки замину захираҳои об, беҳбуди бахши чорводорӣ, хоҷагиҳои моҳипарварӣ, ҷангал, ҳифзи растаниҳо, дастрасӣ ба тухмиҳои хушсифат, идораи мубориза бо ҳашароти зараррасон, ҷорӣ намудани навовариҳо ва технологияҳои муосири кишоварзӣ зарур шумурда шуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур ҷонибҳо дар бораи амалисозии барномаҳои муносиб дар самтҳои рақамикунонӣ, роҳандозии тадқиқоти бунёдии илмӣ, рушди соҳаи тухмипарварӣ, ҳалли масъалаҳои экологӣ, аз ҷумла "Барномаи рушди низоми агроозуқаворӣ ва кишоварзии устувор барои давраи то соли 2030" ва "Даҳсолаи хоҷагидории оилавии Созмони Милал" то соли 2028 гуфтугӯ карданд.
Тсю Донгюй баъди мулоқот бо раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид намуд, сафараш ба Тоҷикистон бо мақсади таъкиди дастгирӣ ва садоқат ба ҳамкории дуҷониба сурат гирифтааст.
Вай аз сатҳи баланди ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва дигар сохторҳо изҳори қаноатмандӣ намуд.
Ӯ афзуд, ки дар мулоқот бо раисҷумҳури Тоҷикистон масъалаҳои марбут ба зироаткорӣ, чорводорӣ, боғдорӣ, муҳити зист, моҳипарварӣ, коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ, илм ва таҳқиқот, таълим ва дигар самтҳои афзалиятнок мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тсю Донгюй изҳор дошт, ки Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид омода аст дар раванди рушди соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон саҳми худро гузорад ва афзуд, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бойи табиӣ ва гуногунрангии биологию хӯрокворӣ мебошад.
Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ҳамзамон гуфт, ки созмони онҳо ҳамеша омода аст дар лаҳзаҳои зарурӣ ба Тоҷикистон кумак расонад.