Завқизода: дар 10 соли охир маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 153,4 млрд. сомонӣ расонида шуд

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон қайд кард, ки Тоҷикистон дар 10 соли ахир ба дастовардҳои назарраси иқтисодию иҷтимоӣ ва комёбиҳои беназир ноил гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 апр – Sputnik. Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқизода Завқӣ дар як ҷаласаи Созмони миллали муттаҳид таъкидж кард, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашудаи ҳукумати кишвар дар ҳамкорӣ бо оҷонсиҳои СММ ва дигар шарикони рушди кишвар устувории иқтисодӣ таъмин шудааст.
Вай гуфт, ки Тоҷикистон ба дастовардҳои назарраси иқтисодию иҷтимоӣ ва комёбиҳои беназир ноил гардидааст.
Аз ҷумла вазири иқтӣисод қайд кард, ки новобаста ба таъсири омилҳои берунӣ дар натиҷаи татбиқи бомароми стратегияву барномаҳои давлатӣ, бахусус Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 танҳо дар 10 соли охири давраи Истиқлоли давлатӣ маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 млрд. сомонии соли 2014 то 153,4 млрд. сомонӣ дар соли 2024 ё 3,4 маротиба зиёд шуд.
Қайд карда шуд, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ аз 5,5 ҳазор сомонии соли 2014 то 14,8 ҳазор сомонӣ дар соли 2024 ё 2,7 маротиба ва даромадҳои пулии аҳолӣ аз 24,2 млрд. сомонии соли 2014 то 147 млрд. сомонӣ дар соли 2024 ё 6,1 маротиба зиёд гардид.
Раҳмон: Таъмини аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ бо барқ аз афзалиятҳои Ҳукумат аст
Ҳамчунин ба гуфтаи вазири тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ сатҳи камбизоатӣ аз 83% то 20,4% коҳиш ёфт.
Қайд карда шуд, ки дар ин давра зиёда аз 2550 км роҳҳо ва беш аз 2 ҳазор мегаватт иқтидорҳои нави энергетикӣ, 3670 адад муассисаҳои нави таълимӣ, 3076 адад муассисаҳои нави тиббӣ сохта ба истифода дода шуданд.