Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Путин дар рӯзҳои таҷлили 80-умин солгарди Ғалаба оташбас эълон кард

Раисҷумҳури Русия боз оташбас элон кард ва аз Украина хост ин иқдомро дастгирӣ кунад ва дар ин рӯзҳои таҷлили 80-умин солгарди Ғалаба оташбас эълон кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Владимир Путин дар рӯзҳои ҷашни 80-умин солгарди Ғалаба оташбас эълон кард, хабар медиҳад Кремл дар канали Telegram-и худ.
"Бо қарори Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Русия Владимир Путин, бо назардошти мулоҳизаҳои башардӯстона, дар рӯзҳои таҷлили 80-умин солгарди Ғалаба - аз соати 00:00 шаби 7-8 май то 00:00 шаби 10-ум ба 11-уми май - Русия оташбас эълон мекунад", — қайд кардааст манбаъ.
Дар ин муддат тамоми амалиёти низомӣ қатъ карда мешаванл.
Кремлин гуфт, Русия бар ин назар аст, ки Киев низ бояд аз ин пайравӣ кунад ва дар ин рӯзҳо оташбас эълон кунад.
Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков гуфт, ахиран роҳбари Русия дар мулоқот бо фиристодаи вижаи раисиҷумҳури ИМА Стивен Уиткофф омодагии Русияро барои музокира бо Украина бидуни шарти пешакӣ тасдиқ кард.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
ВУХ: Киев беш аз 60 маротиба мораторий барои зарба ба объектҳои энергетикиро вайрон кард
Ёдовар мешавем, ки қаблан рӯзи 19 апрел Путин дар рӯзҳои таҷлили Пасха оташбас эълон карда буд.
Тавре вазорати дифои Русия қаблан таъкид карданд, тамоми гурӯҳҳои низомии Русия дар минтақаи амалиёти вижа оташбасро ба таври қатъӣ риоя намуда, дар хатту мавқеъҳои қаблан ишғолшуда боқӣ монданд.