Ширкати "Air Dynamics Solutions" мехоҳад дар Тоҷикистон корхонаи муштарак таъсис диҳад

Встреча Председателя Государственного комитета по инвестициям с руководством компании Air Dynamics Solutions
Дар шаҳри Душанбе таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ширкати бонуфузи байналмилалӣ дар соҳаи технологияҳои ҳавопаймоӣ "Air Dynamics Solutions" баррасӣ гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Намояндагони ширкати бонуфузи байналмилалии "Air Dynamics Solutions" дар шаҳри Душанбе бо мақомоти Тоҷикистон масъалаи эҳтимоли ташкили корхонаҳои муштаракро баррасӣ намуданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузори ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон хабар додааст.
Масъалаи имконоти мавҷудаи сармоягузорӣ ва имтиёзҳои фароҳамшуда барои сармоягузорони хориҷӣ дар меҳвари мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо директори генералӣ ва раиси Шурои директорони ширкати "Air Dynamics Solutions" қарор гирифт
Боляд қайд кард, ки ширкати "Air Dynamics Solutions" яке аз ширкатҳои бонуфузи байналмилалӣ дар соҳаи технологияҳои ҳавопаймоӣ мебошад,.
Главный въезд в СЭЗ Сугд
Сармоягузорӣ ба МОИ "Суғд" якбора афзудааст
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот таъкид шуд, ки Тоҷикистон барои таъмини муҳити устувори иқтисодӣ ва дастгирии сармоягузорони хориҷӣ якчанд ташаббус ва ислоҳотро амалӣ намудааст.
Қайд карда шуд, ки роҳбарияти ширкати "Air Dynamics Solutions" таваҷҷуҳи худро нисбат ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон баён дошта, эҳтимоли ташкили корхонаҳои муштарак, интиқоли технология ва рушди иқтидори маҳаллиро матраҳ намуд.
Ҷонибҳо ин мулоқотро дар самти ҷалби сармоягузории босифат ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ иқдоми муҳим арзёбӣ карданд.