ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Ҳолат ва дурнамои таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаи истеҳсолоти иҷро ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ ахиран дар Душанбе зимни мулоқоти Сардори Хадамоти иҷрои Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва директори Хадамоти федералии иҷрочиёни судии Русия Дмитрий Аристов баррасӣ гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти Хадамоти иҷрои Тоҷикистон хабар додааст.
Ҷонибҳо зимни мулоқот дар бораи мубодилаи таҷриба, густариши иқтидори институтсионалӣ ва тақвияти заминаҳои моддию техникӣ табодули назар намуданд.
Қайд карда шудааст, ки таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои ташкили бозомӯзии кадрҳо ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти иҷро, рақамикунонии ҷараёни истеҳсолоти иҷро, тақвияти мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ, инчунин таҳияи роҳу механизмҳои нави баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти иҷро зоҳир карда шуд.
Дар доираи вохӯрӣ бо мақсади татбиқи муқаррароти Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
“Дар Маскав Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Хадамоти федералии иҷрочиёни судии Русия барои солҳои 2025–2026 ба имзо расонида шуд”, - қайд кардааст манбаъ.
Қайд карда шудааст, ки имзои ин барнома ифодаи иродаи қавии ҷонибҳо барои таҳкими муносибатҳои корӣ, густариши доираи ҳамкорӣ ва муттаҳид сохтани талошҳо барои ташаккули низоми муосири иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор мебошад.