Ошкори боз 8 қонуншикании танзим дар Душанбе дар давоми ду рӯз

Раёсати Вазорати корҳои дохилаи дар шаҳри Душанбе мегӯяд баъзе аз шаҳрвандон то ҳол ҳангоми баргузории ҷашну маросимҳои гуногун ба исрофкорӣ роҳ медиҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Давоми 2-рӯзи охир аз ҷониби нозирони минтақавии милитсияи пойтахт, 8-далели риояи накардани қонуни Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим" ба қайд гирифта шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилаи дар шаҳри Душанбе хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, қонуншиканиҳо дар натиҷаи баргузории рейду амалиётҳои санҷишӣ ошкор шудааст.
“Шаҳрвандон зимни баргузории маросимҳои гуногун талаботи қонуни Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим"-ро вайрон намуда, ба исрофкорӣ даст задаанд”, - қайд кардааст манбаъ.
Нисбати афроди қонунуншикан, тибқи талаботи моддаи 481 КҲМ Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суд ирсол карда шуданд.
Ошкори 7 қонуншикании танзим дар Душанбе дар давоми се рӯз
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо таъкид бар аҳамияти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, адолати иҷтимоӣ ва суботи иқтисодӣ сокинонро ба риояи қатъии муқаррароти Қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо" даъват кардааст.
"Бори дигар аз шаҳрвандон тақозо карда мешавад, ки талаботи қонуни мазкурро қатъиян риоя намоянд. Дар акси ҳол нисбаташон тибқи талаботи қонунгузорӣ ҷавобгарӣ татбиқ мегардад", - қайд кардааст Раёсати Вазорати корҳои дохилаи дар шаҳри Душанбе.