Дар Тоҷикистон ҷашни Рӯзи Ғалабаро сазовор қайд карданиянд: эълони шумори собиқадорон

Дар ҳоли ҳозир дар вилояти Хатлон 8 – нафар собиқадор, ноҳияҳои тобеи марказ 5, Суғд 2 ва шаҳри Душанбе 2 - нафар умр ба сар мебаранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон имсол ҷашни Рӯзи Ғалабаро, ки аз ин ҳодисаи таърихӣ 80 сол пур мешавад, бошукуҳ таҷлил мекунанд.
Дар ин бора Элмурод Турсунов муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ҳоло дар кишвар 17 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳастанд.
“Соли қаблӣ дар аёми таҷлил ид 24 нафар буданд ва мутаассифона 7 нафарашон аз олам гузаштанд. Аз ҳоли 17 собиқадори дигар пайваста огоҳем ва дидорбинии онҳо махсусанд дар шабу рӯзҳои таҷлил ҷашн зиёд мешавад”,- гуфт манбаъ.
Ба таъкиди номбурда дар баробари собиқадорон 124 нафар заҳматкашони ақибгоҳ айни замон дар кишвар умр ба сар мебаранд.
Ӯ дар мавриди ҳаҷми кумакҳои пулии пешниҳодшаванда гуфт, ки ҳоло дақиқ нашқдааст, вале он тибқи анъана аз ҷониби раисҷумҳур ва раҳбарони шаҳру навоҳӣ ҷудо мешавад.
Тибқи маълумоти Турсунов ҳоло дар вилояти Хатлон 8 – нафар собиқадор, ноҳияҳои тобеи марказ 5, Суғд 2 ва шаҳри Душанбе 2 - нафар умр ба сар мебаранд.
Муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат ҳамзамон гуфт, ки ба муносибати ҷашн дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ нишасту конфронсҳо ва дигар чорабиниҳо низ доир мешаванд.
Шуҷоати сарбозони саворанизомони тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ
Қаблан Вазорати дифои Тоҷикистон дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон таъйид кард, ки низомиёни кишвар дар гузашти низомӣ ба ифтихори 80-умин солгарди Ғалаба дар Маскав ширкат хоҳанд кард
“Қарор аст, ки барои омодагиҳо аллакай низомиён дар аввали моҳи май вориди Русия шаванд”, -гуфт ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки имсол аз солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 80 соли пур мешавад ва ба ифтихори он дар Майдони Сурхи Маскав гузашти бошукуҳи низомӣ баргузор мешавад.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро рӯзи 9-уми май дар Маскав дар тантанаҳои таҷлили 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба интизор аст.
Тибқи иттилои манобеи Sputnik Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гулгузорӣ ба муносиби ин ҷашн дар Боғи Ғалабаи пойтахт 8 май ширкат ва пасон барои идомаи таҷлил ба Маскав меравад.