Ошкори 7 қонуншикании танзим дар Душанбе дар давоми се рӯз

Раёсати Вазорати корҳои дохилаи дар шаҳри Душанбе мегӯяд баъзе аз шаҳрвандон то ҳол ҳангоми баргузории ҷашну маросимҳои гуногун ба исрофкорӣ роҳ медиҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Давоми 3-рӯзи охир аз ҷониби нозирони минтақавии милитсияи пойтахт, 7-далели риояи накардани қонуни Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим" ба қайд гирифта шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилаи дар шаҳри Душанбе хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, қонуншиканиҳо дар натиҷаи баргузории рейду амалиётҳои санҷишӣ ошкор шудааст.
“Мутаассифона ҳанӯз баъзе аз шаҳрвандон моҳияти ин қонун, ки пешгирии исрофкорӣ ва беҳбуд бахшидан ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳрвандон аст, дарк накарда, ҳангоми баргузории ҷашну маросимҳои гуногун ба исрофкорӣ роҳ медиҳанд”.
Нисбати афроди қонунуншикан, тибқи талаботи моддаи 481 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суд ирсол карда шуданд.
Дар Тоҷикистон маъракаҳо каму нақзи қонуни танзим зиёд шудааст
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо таъкид бар аҳамияти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, адолати иҷтимоӣ ва суботи иқтисодӣ сокинонро ба риояи қатъии муқаррароти Қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо" даъват кардааст.