ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Муовини аввали Президенти Эрон Алӣ Наҷафии Хушрудӣ дар мулоқот бо вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа ба имзо расидани Эъломияи Хуҷандро барои минтақа хеле муҳим донист.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар доааст.
“Алӣ Наҷафӣ махсусан, таъкид кардааст, ки бо иродаи қавии роҳбариятии олии кишварҳо – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён муносибаҳои ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар дар ҳоли рушд қарор доранд ва дар оянда низ таҳкиму тавсеа меёбанд.
Қайд карда шудааст, ки дар вохури ҷониби Тоҷикистон таъкид кардааст, ки Ҳукумати кишвар ба таҳкиму густариши бештари ҳамкориҳо бо Эрон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ин кишвари ба ҳам дӯсту ҳамзамбонро яке аз муҳимтарин шарикони стратегии минтақавӣ дар Ховари Миёна арзёбӣ менамояд.
Вазири энергетика ва вазираҳои оби Тоҷикистон, зикр кард, ки гардиши савдои дуҷониба миёни кишварҳо дар се моҳи соли ҷорӣ 110,6 млн долларро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33,2 млн зиёд мебошад.
Қайд шуд, ки моҳи майи соли 2025 дар Эрон баргузории ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ дар назар аст ва дар доираи он ҳамкориҳои дуҷониба боз ҳам тақвият хоҳанд ёфт.