Дар Русия мушкилоти санҷиши русидонии кӯдакони муҳоҷир ошкор нашудааст

Обучение детей мигрантов в Москве
Вазорати маорифи Русия зикр намуд, ки мушкилоти гузаронидани санҷишҳо барои донистани забони русӣ ошкор карда нашудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Аз оғози санҷиши кӯдакони муҳоҷир барои дохил шудан ба мактабҳои Русия мушкилот ошкор карда нашудааст.
Дар ин бора вазири маорифи Русия Сергей Кравтсов ба ТАСС хабар дод.
Ҳуҷҷатҳои меъерӣ барои санҷиши кӯдакони муҳоҷир барои донистани забони русӣ барои дохил шудан ба мактабҳо сари вақт тасдиқ карда шуданд, илова намуд ӯ.
"Ҳоло кор дар ҳар минтақа ба нақша гирифта шудааст, ҳоло ягон мушкилот вуҷуд надорад. Ҳама ҳуҷҷатҳои меъёрӣ сари вақт тасдиқ карда шуданд ва комилан омода буданд", - гуфт вазир.
Қонуни манъи қабули фарзандони муҳоҷирон ба макотиб бе донистани забони русӣ аз 1 апрел эътибор пайдо кард.
Маргарита Лянге дар бораи манъи қабули кӯдакони муҳоҷир ба мактабҳо
Коршинос қарори Русия дар бораи қабул накардани кӯдакони муҳоҷирон ба мактабҳоро шарҳ дод
Қаблан президенти Русия Владимир Путин қонунеро имзо карда буд, ки ба мактабҳои Русия дохил шудани кӯдакони муҳоҷиреро, ки забони русиро намедонанд, манъ мекунад.
Тибқи ин санад, ба қайд гирифтани фарзандони муҳоҷирон барои таҳсил дар барномаҳои таълимии таҳсилоти умумии ибтидоӣ, таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ танҳо дар сурате имконпазир аст, ки имтиҳон барои донистани забони русӣ бомуваффақият гузаронида шавад.