ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон рушди сайёҳии тиббӣ дар назар аст. Дар ин бора муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Зиёдулло Салимзода изҳор дошт.
Ӯ ёдовар шуд, ки рушди соҳаи солимгардонӣ ва фароғатии санаторию курортӣ дар "Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон" барои панҷ соли оянда ворид шудааст.
Салимзода қайд кард, ки имкониятҳои сайёҳии тиббӣ ҳамасола дар намоишгоҳҳои гуногуни байналмилалӣ муаррифӣ мешаванд.
Тибқи омори расмӣ, дар Тоҷикистон беш аз 200 чашмаи шифобахш мавҷуд аст, ки аксари онҳо ба осоишгоҳҳо табдил ёфтаанд, ки кайҳо боз на танҳо сайёҳони дохилӣ, балки хориҷиро низ ҷалб кардаанд.
Ин осоишгоҳҳо инчунин марказҳои калони табобатӣ ва ташхисӣ буда, бо гуногун будани муассисаҳои табобатӣ ва хизматрасонии маданию беҳдоштӣ ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар хориҷи кишвар машҳуранд.