Низомиёни Тоҷикистону Русия дар "Ҳарбмайдон" тамрини муштарак анҷом доданд

Вооруженные Силы России и Таджикистана завершили совместное учение на полигоне Харб-Майдон
Дар ҷараёни машқҳо контингентҳои низомии Русия ва Тоҷикистон дар манотиқи кӯҳистонӣ гурӯҳҳои террористиро "маҳв" карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Нерӯҳои мусаллаҳи Русия ва Тоҷикистон тамринҳои муштараки низомиро анҷом доданд, хабар медиҳад Вазорати дифои Русия.
Машқҳо аз 7 апрел дар тамрингоҳи "Ҳарбмайдон" шурӯъ шуд.
"Машқҳои ҳарбӣ бо моделиронии амалҳои муштараки амалӣ барои нест кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунии тақлидшуда ба анҷом расиданд", - гуфтанд дар вазорати дифоъ.
Гуфта шуд, ки дар ҷараёни тамринҳо контингентҳои низомии Русия ва Тоҷикистон дар манотиқи кӯҳистонӣ тамрини маҳви гурӯҳҳои террористиро анҷом додаанд.
Военные учения стран ОДКБ. Архивное фото
СПАД дар вилояти Хатлон тамринҳои низомӣ баргузор мекунад
Марҳилаи асосии машқҳо гузаронидани амалиёти муштарак оид ба нест кардани душмани тақлидшуда, инчунин идоракунии воҳидҳо ҳангоми ҳифзи сарҳади давлатӣ буд.
Қобили зикр аст, ки аслиҳаи контингенти низомии Русияро воҳидҳои пойгоҳи 201-уми Ҳавзаи марказии низомии мустақар дар Тоҷикистон ташкил медод.