ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Александр Лукашенко раисҷумҳури Белорус дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии “Мир” дар бораи аҳамияти Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) дар минтақа ва муваффақияти ин созмон тавзеҳот дод.
Ба гуфтаи раҳбари Белорус, бартарии асосии ИИАО дар он аст, ки кишварҳои узви ин Иттиҳод бо як забон ҳарф мезананд.
"Шумо се-чор забонро медонед. Аммо забони асосии мо русӣ ҳаст, ки мо бо он ҳарф мезанем. Ва ин як иқдоми бузург аст, ба мо тарҷумонҳо лозим нест", - таъкид кард Александр Лукашенко.
Вай ҳамчунин ба шабоҳати фарҳангҳои кишварҳои узви Иттиҳод таъкид кард ва гуфт агар тафовути ҷиддӣ вуҷуд дошта бошад ҳам, “мо фарҳанги кишварҳои дигарро медонем”. Ба гуфтаи оқои Лукашенко, ин хеле муҳим аст.
"Бале, ихтилофҳо вуҷуд доранд, онҳо ҳамеша хоҳанд буд. Аммо мо муттаҳид ҳастем, мо мардуми худием. Пасхаро таҷлил мекунем, Наврӯзро таҷлил мекунем. Мусулмону насронӣ ва яҳудиён низ ҷашнҳояшонро ҷашн мегиранд. Аз ин рӯ, кори бузург аст, ки мо ин ваҳдатро ҳифз кардаем", - қайд кард раҳбари Белорус.
Александр Лукашенко муътақид аст, ки чунин ваҳдат барои ҳифзи бозори кишварҳои ИИАО зарур аст.
Ба гуфтаи ӯ, бояд бозори худро азхуд кард, бозорҳои дигарро рушд доду “забт” кард. Муҳим аст, ки бо дигар кишварҳо ҳамкорӣ намоем, на он ки рақобати бе фоида кунем.
"Мо бояд муттаҳид шавем ва мо метавонем ин корро дар доираи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё анҷом диҳем", - афзуд президент.
Ёдовар мешавем, ки Беларус имсол раёсат дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиёро бар ӯҳда дорад.