ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Теъдоди қурбониёни заминларзаи мудҳиш дар Мянмар ба 1002 нафар расид, хабар медиҳад ҳукуматдорони ин ҷумҳурӣ.
Илова бар ин, теъдоди осебдидагон низ афзуда, ба 2376 нафар расидааст.
Нахуствазир Мин Аун Ҳлайн ба ҳукумат ва мақомоти манотиқи осебдида дастур додааст, ки барои рафъи паёмадҳои заминларза корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ ва дигар тадбирҳо андешанд.
Ёдовар мешавем, дар Мянмар зуҳри 28 март дар 12-километрии шаҳри Сагаинг заминларза ба шиддати 7,7 дараҷа рух дод. Маркази заминларза дар умқи даҳ километр ҷойгир шудааст.
Заминларзаро дар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Бангладеш, Ҳиндустон, Таиланд, Лаос ва Чин низ эҳсос кардаанд.
Сокинони маҳаллӣ хабар доданд, ки хатҳои телефонӣ корношоям шуда, дар бисёр манотиқ барқ қатъ шудааст.
Кумитаи миллии мубориза бо офатҳои табиӣ дар Сагаинг, Мандалай, Магвей, Баго, шимолу шарқи иёлати Шан ва вилояти Нейпитау вазъияти фавқулодда эълон кард.
Русия ва Чин барои амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот ба Мянмар наҷотдиҳандагон, табибон ва таҷҳизоти вижа фиристодаанд. Мақомоти Таиланд дар Бангкок вазъияти изтирорӣ эълон карданд.