Аксҳо аз оқибати заминларзаи шадид дар Мянмар, ки 220 куштаву захмӣ барҷо гузошт

Бар асари офати табиӣ даҳҳо хонаву иншоот фурӯ рехт, ки дар натиҷа одамони зиёд зери харобаҳо дармонданд
Sputnik
1 / 8

Мянмарро рӯзи 28 март заминларзаи қавӣ такон дод

2 / 8

Шиддати заминларзаи якум ба иттилои зилзиласанҷон 7,7 баллро ташкил дод

3 / 8

Зимнан, расо пас аз 12 дақиқа боз як заминҷунбии дигар бо қувваи 6,4 балл Мянмарро ларзонд

4 / 8

Маркази заминҷунбӣ шаҳри Сикайн гуфта мешавад

5 / 8

Хисороту харобиҳои зиёд дар қаламрави Мянмар ба қайд гирифта шуд. Аз ҷумла пуле, ки шаҳрҳои Сикайн ва Аваро мепайваст тахриб шуд

6 / 8

Садҳо манзилҳо хароб шуданд ва имдодгарону ихтиёриён аз зери харобаҳо одамонро берун меоранд

7 / 8

Тибқи охирин маълумотҳо бар асари заминҷунбӣ 20 нафар ба ҳалокат расиданд. Вале эҳтимол теъдоди қурбониён боз афзоиш ёбад

8 / 8

Ҳамчунин, 200 нафар бар асари заминларза осеб диданд