Пардохти маблағи бақайдгирӣ дар Маркази миллии тестӣ баланд шудааст

Национальный Центр тестирования Таджикистана
Пардохтимаблағ барои довталабоне, ки барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳо худро дар Маркази миллии тестӣ номнавис мекунанд 12 – 39% афзоиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 мар – Sputnik. Арзиши хизматрасонӣ барои довталабоне, ки дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба донишгоҳҳо ҳуҷҷат месупоранд тағйир ёфтааст.
Хабари тағйирёбии нархи хизматрасониро дар Раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестӣ тасдиқ карданд.
Сардори башхи минтақавии Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон дар ноҳияи Рашт,Салимбек Тӯраев ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, нархномаи нав, ки дар ниҳоди марказӣ муқаррар шудааст дар мувофиқа бо идораи зиддиинҳисорӣ сурат гирифтааст.
“Нархномаи нав бо дарназардошти марҳилаҳои (асосӣ ваиловагӣ) и бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии довталабот барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ 370 сомонӣ ва барои шахсони дороитаҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9 -ум) 320 сомонӣ муқаррар шудааст” – гуфт, манбаъ.
Дар соли 2024 арзиши хизматрасонии қабули ҳуҷҷатҳо барои довталабони таҳсили донишгоҳҳо барои хатмкунандагони синфҳои 11-ум, 330 сомонӣ ва барои хатмкунандагони синфҳои 9 -ум 230 сомонӣ буд.
Вступительные экзамены для абитуриентов в Таджикистане
Бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳо чӣ гуна мегузарад?
Нархномаи нав нисбат ба соли қаблӣ 12 – 39% баланд гуфта мешавад.
Бино ба иттилоъи расмӣ соли 2024, ҳудуди 90 ҳазор довталаби таҳсили донишгоҳ ва донишкадаҳо дар Маркази милии тестӣ (ММТ) ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам дармуқоиса ба соли 2023 11% афзудааст.
Маъракаи қабули ҳуҷҷатҳои довталабони таҳсили соли 2025 – 2026 аз 3 - март оғоз шуда то 30 - апрел идома хоҳад кард.
Дар Тоҷикистонсоли 2008 муассисаи давлатии Маркази милли тестӣ таъсис дода шуда ва раванди имтиҳонсупории довталабони таҳсил дар донишгоҳҳо тавассути он сурат мегирад.
Масъулиниҳукумат таъсиси ин марказро роҳи шаффоф ва бидуни ришвату фасод дохилшавии донишҷӯён ба донишгоҳҳои кишвар арзёбӣ мекунанд.