Тоҷикистону Қазоқистон табодули колоро ба 2 млрд. доллар мерасонанд

Дар шаҳри Душанбе масоили баргузор намудани ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар Қазоқистон баррасӣ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Валихон Туреханов дар дидор бо Раиси Агентии содироти Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода масоили рушди ҳамкориҳои тиҷориву иктисодиро баррасӣ кард.
Дар ин бора сафорати Қазоқистон дар Душанбе хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки зимни мулоқот масъалаҳои кунунии рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии Қазоқистону Тоҷикистон, пешбурди лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва ширкат дар чорабиниҳои тиҷоратие, ки дар ҳур ду кишвар баргузор мешаванд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин тарафҳо рафти иҷрои тавофуқоти ҳосилшуда дар ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ баррасӣ намуданд.
16 санади нав: Тоҷикистону Қазоқистон Аҳдномаи муносибатҳои ҳампаймонӣ имзо карданд
Сафири Қазоқистон дар Душанбе нақши ярмаркаҳои маҳсулоти Тоҷикистон, ки соли 2024 дар шаҳрҳои Қазоқистон баргузор мешавад, мусбат арзёбӣ кард.
Ҷонибҳо қайд карданд, ки ҳамкориҳои тиҷоратии ду кишвар дурнамои васеъ дорад.
Ба гуфтаи манбаъ тарафҳо дар ин дидор ба хулоса омаданд, ки табодули коло миёни кишварҳоро метавон боз ҳам афзоиш дод ва онро метавон ба 2 миллиард доллар расонид.
Қайд карда шудааст, ки то охири соли 2024 гардиши мол миёни Тоҷикистону Қазоқистон 1,29 миллиард долларро ташкил дод.