Оташбас хотима ёфт: Натиҷаи зарбаҳои Исроил ба Навори Ғазза

Артиши Исроил ба дастури Бинямин Натаняҳу, ҳамлаҳои худ ба Навори Ғаззаро аз сар гирифт ва ба ин тартиб поёни оташбасро эълом кард
Sputnik
1 / 10

Исроил ҳамалот Навори Ғаззаро азсар гирифт.

2 / 10

Исроил баъд аз як муддат боз ҳамлаҳои шадидашро ба маҳали сокинони Ғазза аз сар гирифт.

3 / 10

Тибқи гузориши вазорати беҳдошти Ғазза тайи ҳамалоти ҷадиди режими саҳюнистӣ ба Ғазза беш аз 412 нафар шаҳид ва беш аз 500 нафар захмӣ шуданд.

4 / 10

Тибқи гузоришҳои аввалия, аксари шуҳадо ва маҷрӯҳонро кӯдакону занон ташкил медиҳанд.

5 / 10

Мавҷи ҷадиди ҳамалоти артиши Исроил ба манотиқи мухталифи Ғазза идома дорад.

6 / 10

Исроил ҳамалоти худ алайҳи Навори Ғаззаро азсар гирифт ва ба оташбасе, ки дар 19 январ бо миёнҷигарии Миср, Қатару Амрико шурӯ шуда буд, поён дод.

7 / 10

Узви бюрои сиёсии Ҳамос Бассем Наим ба РИА Новости гуфтааст, ки Исроил созишномаи оташбасро дар Навори Ғазза садҳо маротиба нақз кардаанд.

8 / 10

Ба гуфтаи мақомоти Фаластин ҳадафи ҳамалоти шадид манозили маскӯнӣ, мадорис, марокизи оворагону чодари маҳали искони онон дар Ғазза будааст.

9 / 10

Нетаняҳу гуфт, ҳамлаҳо идома доранд, зеро Ҳамос аз қабули тарҳи Амрико барои тамдиди оташбас ва раҳоии гаравгонҳо сарпечӣ кард.

10 / 10

Узви Бюрои сиёсии Ҳамос Фаластин Иззат ал-Ришк гуфт, тасмими Нетаняҳу барои бозгашт ба ҷанг маънои ҳукми эъдом барои гаравгонони исроилӣ дар навори Ғазза аст.