Наврӯз наздик аст: сокинони Тоҷикистон дар рӯзҳои Ид чӣ гуна истироҳат хоҳанд кард

Ба муносибати таҷлили Наврӯз шаҳрвандони коргари кишвар як ҳафтаи кӯтоҳ доранд, ки баъд аз он истироҳати тӯлонӣ хоҳанд дошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 март — Sputnik. Дар Тоҷикистон сокинон дар рӯзҳои Наврӯз таътили тӯлонӣ доранд.
То Иди Наврӯз рузҳои башумор мондааст.
Дар ҷумҳурӣ Наврӯз 20 март соати 14:01 ба вақти маҳаллӣ, дар рӯзи баробаршавии шабу рӯз оғоз мешавад.
Тибқи тақвими астрономӣ 20 март соати 14:01 ба вақти маҳаллӣ замин, ки дар атрофи офтоб ҳаракат мекунад, шабу рӯз баробар мешавад.
Ба ин муносибат шаҳрвандони коргар як ҳафтаи кӯтоҳ доранд, зеро 21 март дар Тоҷикистон рӯзи истироҳат аст.
Ҳамин тариқ, дар ҷашни Наврӯз тоҷикистониён аз 21 то 26 март истироҳат хоҳанд кард.
Рӯзҳои истироҳати наврӯзӣ дар Тоҷикистон
Ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Душанбе карнавал баргузор мешавад. Чорабинии идона шоми 21 март дар майдони Истиқлол баргузор хоҳад шуд.
Дар Душанбе "Карнавали наврӯзӣ" баргузор мешавад
Дар он ҷо оташи Наврӯз рушан мекунанд ва маросими суманакпазӣ сурат мегирад.
Мақомоти Душанбе ҳамчунин эълом карданд, ки ба ифтихори Наврӯз дар тамоми боғҳои фарҳангиву фароғатии пойтахт барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор карда мешаванд.