ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз "Карнавали наврӯзӣ" баргузор мегардад, хабар медиҳад Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.
Манбаъ афзуд, чорабинии идона шоми 21 март дар майдони "Истиқлол" -и пойтахт доир мешавад.
Мақомоти Душанбе ҳамзамон иттилоъ дод, ки ба муносибати ҷашни аҷдодӣ дар тамоми боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахт барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мегарданд.
"Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар тамоми қаламрави пойтахт, ноҳия, маҳалла ва шаҳракҳо тавассути барномаҳои пуршукуҳи идона, баргузории барномаҳои ҳунарӣ таҷлил мешавад", - тавзеҳ дод манбаъ.
Ёдовар мешавем, имсол Наврӯз дар Тоҷикистон 20 март соати 14:01 дақиқа ба вақти маҳаллӣ сурат мегирад.
Гуфта мешавад, тибқи ҷадвали астрономӣ, рӯзи 20 март, соати 14:01 дақиқаи вақти маҳаллӣ замин ҳангоми ҳаракат дар атрофи офтоб аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ мегузарад.
Маъмулан ҳар сол дар яке аз боғҳои пойтахт гулхани наврӯзӣ афрохта мешавад ва маросими суманакпазӣ сурат мегирад.
Илова бар, дар рӯзи фаро расидани Наврӯз аз чор дарвозаи Душанбе корвони наврӯзӣ бо ҳузури Бобои деҳқон ва Маликаи баҳор дар иҳотаи карнайнавозону талбнавозон ба сокинони пойтахт навиди фарорасии Соли Навро мерасонанд.
Қаблан, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ, хабар дод, ки дар моҳи март, ки дар он ҷашни Наврӯз таҷлил мегардад тоҷикистониён 16 рӯз истироҳат хоҳанд кард.