Тоҷикистониёнро ҳафтаи кӯтоҳи корӣ интизор аст

Имсол дар моҳи март тоҷикон якбора се ид – Рӯзи Модар, Наврӯз ва Иди Фитрро таҷлил хоҳанд кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. То ҷашни аҷдодии Наврӯз рӯзҳои башумор боқӣ мондаанд.
Ба муносибати ин ид тоҷикистониён ҳафтаи кутоҳи корӣ хоҳанд дошт, зеро аз рӯзи 21 март, ки ба ҷумъа рост меояд дар Тоҷикистон рӯзҳои истироҳатӣ эълон шудаанд.
Ҳафтаи кӯтоҳи Наврӯз дар Тоҷикистон
Қаблан, Федератсияи иттифоқи касабаи Тоҷикистон хабар дод, ки моҳи март коргарон дар кишвар ҷамъан 16 рӯзи истироҳатӣ хоҳанд дошт. Зеро имсол дар моҳи март якбора се ид: Рӯзи Модар, Наврӯз ва Иди Фитр рост омаданд.
Ҳамин тариқ дар ҷашни Наврӯз тоҷикистониён аз 21 то 26 март истироҳат хоҳанд дошт.