ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода сафири Тоҷикистон дар Русия аз ду фурудгоҳи Маскав дидан кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти намояндагии дипломатӣ.
Тибқи иттилои расмӣ, ӯ аз Шереметево ва Домодедово дидан карда, бо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Федератсияи Русия омадаанд, суҳбат кардааст.
Сафир дар сӯҳбат бо раҳбарияти ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ва хадамоти марзбонӣ ба як қатор мавзӯъҳои муҳим низ дахл кард.
"Дар вохӯрӣ бо масъулони фурудгоҳ масъалаи таъмини ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми сафар ба Федератсияи Русия ва бозгашти саривақтии онҳо ба зодгоҳашон баррасӣ шуд", - изҳор дошт дафтари матбуоти сафорати ҷумҳурӣ.
Илова бар ин, раиси намояндагии дипломатӣ бо намояндагони фурудгоҳҳо масъалаи таъмини шаҳрвандони Тоҷикистон бо хӯроки гармро низ баррасӣ кардааст.
Зимни суҳбат бо ҳамватанон Гулмаҳмадзода дар бораи тағйирот дар қонунгузории Русия, риояи талаботи он суханронӣ намуда, ҳамчунин аҳамияти омӯзиши забон ва фарҳанги русӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллиро иброз дошт, афзуд дафтари матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Маскав.