Аҳмадзода: Муносибатҳои иқтисодӣ бо Қирғизистон тақвият хоҳанд ёфт

Раиси вилояти Суғд гуфт, пас аз боз шудани марз бо Қирғизистон зиндагӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна тағйир хоҳад ёфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Ифтитоҳи марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон як рӯйдоди таърихӣ аст.
Дар ин бора Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон изҳори назар кард.
"Ин як рӯзи таърихӣ аст. Таърихи садсолае, ки дар он марзро муайян карда натавонистанд – ба он нуқта гузошта шуд", - таъкид кард Раҷаббой Аҳмадзода.
Ба гуфтаи вай, ин ҳодиса боиси беҳбуд шудани зиндагии мардуми ду кишвари ҳамсоя хоҳад шуд.
"Муносибатҳо ва равобити иқтисодӣ беҳтар мешавад, тиҷорати мутақобила 2-3 баробар афзоиш меёбад", - бовар дорад Аҳмадзода.
Вай ҳамчунин қайд кард, ки ҳар чизе, ки сурат мегирад, аз сиёсати хирадмандонаи руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Қирғизистон шаҳодат медиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷараёни як сафари дурӯза ба Бишкек бо ҳамтои қирғизаш Содир Ҷабборов, созишномаи марзиро имзо кард.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки тақрибан 4 сол баста буд, боз шуд
Дар маҷмӯъ ҷонибҳо зиёда аз 16 санади байнидавлатиро ба имзо расониданд. Ҳамчунин дар баробари созишномаи муҳим дар бораи аломатгузории сарҳад, роҳбарони ду кишвар ба мувофиқа расиданд, ки парвозҳои ҳавопаймо ва автобусҳоро аз сар гирифта шаванд.
Тоҷикистону Қирғизистон беш 970 километр марзи муштарак доранд, ки бештари он дар ҳудудивилоятҳои Суғду Ботканд мавҷуд аст.
Ин вазъ пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба миён омад – ва он замон ҷонибҳо дар мавриди моликияти даҳҳо қитъаҳои баҳсбарангез ба тавофуқ нарасиданд.
Номуайянӣ дар сарҳад дар солҳои 2021 ва 2022 сабаби даргириҳои хунин шуд ва аз ҳарду ҷониб даҳҳо куштаву захмӣ бар ҷой гузошт.