Мақомдори Ёвон барои фурӯши ғайриқонунии замин боздошт шуд

Оҷонсии мубориза алайҳи фасод мегӯяд, ки нисбати боздоштшуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ,13 мар – Sputnik. Дар ноҳияи Ёвон як мақомдор ба гумони фурӯши ғайриқонунии замин ба дасти кормандони Оҷонсии мубориза зидди фасод уфтодааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти ин ниҳод иттилоъ нашр кард.
Бар хабари манбаъ, боздоштшуда дар вазифаи мутахассиси шуъбаи баруйхатгирии техникии КДФ "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" дар ноҳияи Ёвон кору фаъолият кардааст.
Номбурда бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт давоми моҳи апрели соли 2023 бо роҳи фиреб ба боварии сокини маҳаллӣ даромада, ба ӯ ваъда додааст, ки бар ивази маблағи муайян ба номи хешованди корафтода аз ҳисоби заминҳои ҷамоати деҳоти Даҳана 0,15 га замин ҷудо ва ҳуҷҷатгузорӣ мекунад.
Парванда алайҳи 67 мансабдори Хатлон барои фурӯши замин
Манбаъ афзуд, ки барои ин кори ғайриқонунии худ ӯ 166 000 сомонӣ талаб намуд.
Зимнан, ин миқдор маблағро корафтода ба ӯ солҳои 2023-2024 дар чанд маврид оварда супурдааст.
Баъди гирифтани маблағ ин мақомдор пулро пурра ба манфиати худ сарф намуда, кори сокини маҳаллӣ ҳалли худро пайдо накард.
Оҷонси тавзеҳ дод, ки нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст ва дар сурати тасдиқи гуноҳаш ӯро ҷаримаба андозаи аз 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисоб ва ё аз 8 то 12 соли зиндон интизор аст.