ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) оғоз шуд.
Дар ин бора Маркази миллии тестии Тоҷикистон хабар додааст.
Даври аввали бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) - 2025-ум 3-юми март оғоз гардид.
Тибқи тартиби муқарраргардида Маркази миллии тестии Тоҷикистон (Марказ) давраи якуми бақайдгирии (номнависии) довталабонро барои иштирок дар ИМД дар нуқтаҳои доимӣ ва сайёри бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои интихобшудаи ҷумҳурӣ ба роҳ мемонад.
Бақайдгирии довталабон барои имтиҳонҳо дар Тоҷикистон
© Sputnik
Соли ҷорӣ давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД дар 60 шаҳру ноҳияи кишвар ба роҳ монда мешавад, ки дар 43-тои онҳо 47 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 17-тои дигари онҳо нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ таъсис дода хоҳад шуд.
Рӯйхати муассисаҳои таълимӣ ва сохторҳои мақомоти маҳаллии идоракунии маориф, ки дар заминаи онҳо барои довталабон нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил карда шудааст, фаъолият мекунанд, бо нишонии нуқтаҳо дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст.
Бояд қад кард, ки арзиши хизматрасонӣ пулакӣ аст ва барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ 370 сомонӣ ва барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9-ум) 320 сомонӣ муқаррар гардидааст.
аблағи барои азнавбақайдгирӣ дар давраи асосӣ пардохтшаванда 30 сомонӣ аст.
Ёдовар мешавем, ки аз соли 2014 имтиҳоноти дохилшавӣ ба донишгоҳу коллеҷҳои кишвар тавассути Маркази миллии тестӣ гузаронида мешавад.