Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Артиши Русия 12 деҳаи вилояти Курскро аз нерӯҳои украинӣ озод карданд

Вазорати дифои Русия хабар додааст, ки артиши кишвар 12 деҳаи аҳолинишини вилояти Курскро аз душман озод кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Воҳидҳои гурӯҳи низомии “Шимол”-и артиши Русия дар вилояти Курск 12 деҳа ва беш аз 100 километри мураббаъ қаламравро аз душаман озод карданд, хабар медиҳад вазорати дифоъ.
"Дар ҷараёни ҳамла воҳидҳои гурӯҳи низомии Шимол 12 деҳа: Агроном, Богдановка, Бондаревка, Дмитрюков, Зазулевка, Ивашковский, Колмаков, Кубаткин, Мартиновка, Михайловка, Правда, Южний ва беш аз 100 километри мураббаъ ҳудуди вилояти Курскро озод карданд", - иттилоъ додааст вазорат.
Ғайр аз ин сарбозон ба 12 бригадаи украинӣ ва ду қисми низомӣ дар маҳалҳои аҳолинишини Гоголевка, Гончаровка, Гуево, Заолешенка, Казачя Локня, 1-уми Княжий, Куриловка, Локня, Меловой, Олешня, Суҷа, Черкасская, Конопелка ва Черкасское Поречное зарба заданд.
Ҳамзамон вазорати дифоъ иттилоъ додааст, ки артиши Русия минтақаи саноатии шаҳри Суҷаро аз нерӯҳои украинӣ озод кардааст.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Артиши Русия бо як зарба як гурӯҳи бузурги нерӯҳои украиниро дар Суҷа нобуд карданд
Манбаъ қайд кардааст, ки дар натиҷаи амалиёте, ки тавассути лӯлаи газ сурат гирифт, низомиёни Русия минтақаи саноатии Суджаи вилояти Курскро озод карданд.
Нерӯҳои Украина бесарусомонӣ ва бо талафоти бузург ба гузаргоҳи байналмилалии автомобилии "Суҷа" ақибнишинӣ мекунанд, илова намуд вазорат
Артиши Русия алакай вориди шаҳри Суҷа шуд.
Дар маҷмӯъ, дар ҷараёни ҷангҳо дар вилояти Курск нерӯҳои мусаллаҳи Украина беш аз 66 ҳазор сарбоз, 389 танк ва ҳазорон воҳиди техникаи дигарро талаф доданд.