ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Ҳаҷми тавлидоти саноатӣ дар Тоҷикистон дар моҳи январи соли 2025 афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора Оҷонсии омори кишвар хабар додааст. Ҳамин тариқ, суръати афзоиш дар моҳи аввали сол 16,1% ташкил дод, хабар медиҳад шӯъба.
Гуфта мешавад, ки дар моҳи январ дар кишвар беш аз 3,7 ҳазор корхонаи саноатӣ фаъолият кардааст. Гузашта аз ин, шумораи бештари иншооти саноатӣ дар шимоли кишвар – дар вилояти Суғд ҷойгир шудаанд.
Дар ин ҷо 1,2 ҳазор корхона кор мекунад, ки ин 32,8% шумораи умумиро ташкил медиҳад.
Дар вилояти Хатлон ин нишондод каме камтар аст - 870 корхона - 23,2%.
Дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 813 корхонафаъолият доранд, ки ин 18,7% ташкил медиҳад.
Камтарин истеҳсолоти саноатӣ ба ВМКБ рост меояд. Моҳи январ дар ин вилоят ҳамагӣ138 корхона фаъолият кард.
Агентии омор қайд кард, ки дар моҳи январи соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 4,4 млрд. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16,1% афзуд. Афзоиши истеҳсолот дар саноати истихроҷ – 1,7 маротиба омили асосӣ буд.