ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Вазорати дифои Русия бо нашри як баёния хабар дод, ки Артиши Русия бо кумаки як паҳпод ба биное дар Суҷа, ки дар он як гурӯҳи бузурги ҷангҷӯёни украинӣ, ҳангоми фирор паноҳ бурда буданд, ҳамла карданд.
"Низомиёни гурӯҳи "Шимол"-и артиши Русия дар минтақаи аҳолинишини Суҷаи вилояти Курск бо истифода аз як паҳподи низомӣ ҳаракати нерӯи низомии душманро ошкор карданд", - қайд кардааст вазорат.
Манбаъ қайд кардааст, ки ҳангоми фирор аз шаҳр шумораи зиёди сарбозони украинӣ кӯшиш карданд, ки дар яке аз биноҳо паноҳ баранд.
"Оператори паҳподи низомӣ ба таври фаврӣ мавқеъи ҳадафро ба идораи фармондеҳ интиқол дод. Ҳадафи ошкоршуда тавассути ҳавопаймои бесарнишин нобуд карда шуд. Навори зарба ба бино бо ҷангҷӯёни Қувваҳои Мусаллаҳи Украина ва таркиши он нашр шуд", - гуфт вазорат.
Охири ҳафтаи гузашта фармондеҳи нерӯҳои вижаи "Ахмат", генерал-майор Апти Алаудинов эълон кард, ки артиши Русия дар ҳама самтҳо ба ҳамлаи густарда дар вилояти Курск шурӯъ кардааст.
Дар рузхои охир вазорати дифоъ дар бораи озод кардани якчанд деҳаҳо, аз чумла Викторовка, Николаевка, Старая Сорочина, Лебедевка, Малая Локня, Черкасский Поречний ва Коситса хабар дод.
Дар маҷмӯъ, дар ҷангҳо дар вилояти Курск нерӯҳои мусаллаҳи Украина беш аз 66270 сарбоз ва 389 танкро талаф доданд.