Тоҷикистон дар СММ қатъномаи зеҳни сунъиро пешниҳод кард

Дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон баҳси рушди фанновариҳои рақамӣ баргузор шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню Йорк мулоқот бо намояндагони Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар чаҳорчӯби ин, Тоҷикистон баҳси рушди фанновариҳои рақамиро ба миён гузошт, хабар медиҳад Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон.
Ҳайатро дар ин нишаст вазири саноат ва савдо Шералӣ Кабир, директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Хуршед Мирзо ва намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат намояндагӣ карданд.
Душанбе ва Абу Забӣ имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар бахшҳои мухталифро тақвият хоҳанд дод
Ба ин тартиб, Тоҷикистон қатъномаеро дар бораи зеҳни сунъӣ ба СММ пешниҳод кард. Ҷанбаҳои асосии ташаббус иборатанд аз:
худтанзимкунии уфуқии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ;
ташкили маркази минтақавии зеҳни сунъӣ;
ташаккули фазои умумии танзим.
Намояндагони доимии як қатор мамлакатҳхо ин ташаббусро дастгирӣ намуда, аҳамияти онро барои тараққиёти ҷаҳонии технологӣ таъкид намуданд.
Қаблан Тоҷикистон дар Бангкок қатъномаи иқлимро муаррифӣ карда буд.
Вазорати хориҷаи кишвар хабар дод, ки лоиҳа бояд ҳамкориҳои кишварҳои Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Оромро дар бахшҳои тағйири иқлим ва таъмини об тақвият бахшад.