ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Нашрияи “Telegraph” менависад, ки даҳ ҳазор сарбози артиши Украина пас аз қатъи интиқоли маълумоти иктишофии ИМА дар вилояти Курск ба хатари муҳосира рӯ ба рӯ шуданд.
Нашрия мегӯяд, "даҳ ҳазор сарбози украинӣ пас аз убури хатти ҷабҳа аз сӯйи артиши Русия ва пешравӣ дар хатти муҳими таъминот аз ду самт, ба муҳосира (дар вилояти Курск) дучор мешаванд."
Ба навиштаи нашрия, артиши Русия ба таври муассир гурӯҳи душманро ду тақсим кард ва ягона масири дастраси Нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро ки логистикаи нерӯҳои украинӣ дар Суҷаротаъмин мекард таҳти контрол гирифтааст.
Як афсари низомии украинӣ, ки номаш ошкор нашудааст, ба нашрия гуфтааст, ки фармондеҳии ӯ имкони ақибнишиниро барои ҷилавгирӣ аз талафот баррасӣ дорад.
Ба навиштаи Telegraph, ба бад шудани вазъи нерӯҳои мусаллаҳи Украина қатъи шудани интиқоли маълумоти иктишофӣ аз Вашингтон мусоидат кардааст.
Нерӯҳои украинӣ “кӯр" шудаанд ва зарбаҳои Русияро пешбинӣ карда натавонистанд. Ба гуфтаи як афсари истихбороти Украина, ки аз он ном бурда намешавад, қатъи интиқоли иттилоот ба “комилан хомӯшӣ” овардааст.
ИМА нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро аз маълумоти иктишофӣ маҳрум карданд
Ҳафтаи равон расонаҳои ғарбӣ гузориш доданд, ки Иёлоти Муттаҳида табодули иттилоъоти иктишовӣ бо Украинаро қатъ кардаанд. Ин хабарро мудири CIA Ҷон Рэтклифф таъйид кардааст. Дар ҳамин ҳол, Вошингтон аз имкони муттаҳидонаш барои табодули маълумоти иктишофӣ бо Киев ҷилавгирӣ кардааст.
Як рӯз пеш портали низомии Украина хабар дод, ки ширкати кайҳонии амрикоии Maxar Technologies дастрасии Украинаро ба аксҳои моҳвораӣ қатъ кардааст.
Рӯзи шанбе рӯзномаи Time навишт, ки мутахассисони ғарбӣ, ки дар қабул ва коркарди иттилоъоти иктишофӣ аз моҳвораҳо дар ситоди низомӣ дар Киев кумак мекарданд, Украинаро тарк кардаанд.
Илова бар ин, Иёлоти Муттаҳида интиқоли ҳама гуна кӯмакҳои низомиро ба Украина мутаваққиф кардааст.