ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Ба андешаи Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон занон бояд имкони интихоби касбро ба таври баробар бо мардон дошта бошанд.
Ба гуфтаи вай дар соли 2024 аз шумораи умумии 365 ҳазору 270 нафар субъектҳои хоҷагидор 107 ҳазору 668 нафарро занон ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 18 ҳазору 94 нафар зиёд мебошад.
Вай таъкид кард, ки аз ин шумора 18 ҳазору 24 нафар тибқи патент, 14 ҳазору 682 нафар тибқи шаҳодатнома ва 20 ҳазору 917 нафар занон тибқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолияти соҳибкорӣ менамоянд.
Ҳамчунин муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар дод, ки аз шумораи умумии 179 ҳазору 858 нафар роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ 52 ҳазору 46 нафарро занон ташкил медиҳанд.
Ба гуфтаи вай ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023 13 ҳазору 39 нафар зиёд мебошад.
Шаҳноза Нодирӣ қайд кард, ки ҳоло дар мамлакат 25% хизматчиёни давлатӣ, 73% кормандони соҳаи маориф, 71% кормандони соҳаи тиб, 47% кормандони соҳаи фарҳанг, 37% олимон ва 30% соҳибкоронро занон ташкил медиҳанд.
Қайд кард, ки имрӯз беш аз 110 ҳазор занон ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд