ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханрониаш дар як чорабинӣ, ки дар Қасри Арбоб бахшида ба Рўзи Модар баргузор шуд, гуфт имрўз модари тоҷик баробари иҷрои рисолати аслии хеш, яъне тарбияи насли ояндасоз, инчунин, сиёсатмадору олим, омўзгору табиб, ҳунарманду варзишгар, соҳибкори муваффақу коршинос мебошад.
Вай гуфт занони тоҷик дар рушди ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, яъне барои ободии кишвар саҳми басо арзишманд дорад.
Вай таъкид кард, ки баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти вилоят қарор дорад.
Оқои Аҳмадзода қайд кард, ки аз ҳисоби занони вилоят 3 нафар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, 24 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, 178 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва 694 нафар вакили халқи ҷамоатҳо интихоб гардиданд.
Ҳамзамон, аз ҳисоби занони вилоят 1 нафар муовини Раиси вилоят, 1 нафар роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, 1 нафар раиси шаҳр, 16 нафар муовини раисони шаҳру ноҳияҳо мебошанд, ки онҳо дар татбиқи сиёсати ҳукумати кишвар фаъолият мебаранд.
Инчунин раиси вилояти Суғд илова кард, дар вилоят бештар аз 1 миллиону 457 ҳазору 700 нафар занону духтарон умр ба сар мебаранд ва аз онҳо 22889 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва 1267 нафар дар мақомоти давлатӣ фаъолият мебаранд.
Ҳамзамон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят 21 нафар доктори илм ва 390 нафар номзади илм аз ҳисоби бонувон фаъолият дошта, аз 50 ҳазору 500 нафар зане, ки дар соҳаи маориф кор мекунад, 3204 нафараш роҳбар мебошад.
Дар соҳаи тандурустии вилоят бошад 29 ҳазору 177 нафар фаъолият мебаранд, ки аз онҳо 21 ҳазору 488 нафар зан ва аз 581 нафар роҳбари муассисаи тиббӣ 150 нафар зан мебошад, ки 26,3%-ро аз ҳисоби шахсони роҳбар ташкил медиҳад.