Қазоқистон содироти сӯзишвориро берун аз ҳудуди ИИАО манъ кард

Ҳукумати Қазоқистон барои пешгирии нарасидани сӯзишворӣ дар бозори дохилӣ содироти онро берун аз ҳудуди ИИАО манъ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Қазоқистон содироти маҳсулоти нафтиро берун аз ҳудуди гумрукии Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё манъ кардааст.
Дар фармони муштараки интишоршудаи Вазорати энергетика, Кумитаи амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати молия шартҳои манъи содирот мушаххас шудааст.
Дар ин фармон қайд карда шудааст, ки содироти маҳсулоти нафтӣ – аз 15 март то 30 июни соли 2025 манъ мешавад.
Қайд карда шудааст, ки маҳдудият дар содирот барои пешгирии нарасидани ашёи хом дар бозори дохилӣ ҷорӣ шудааст.
Маҳдудият ба намудҳои зерини маҳсулоти нафтӣ дахл дорад:
дистилятҳои сабук;
сӯхти ҳавопаймо:
сӯхти дизелӣ;
бензин;
толуол;
ксилол;
битуми нефтӣ.
Дар ҳамин ҳол, дар моҳи феврали соли 2025 Вазорати энергетика содироти маҳсулоти нафтиро барои шаш моҳ, аз ҷумла ба кишварҳои узви ИИАО манъ карда буд.
Содироти 255 тонна маҳсулоти ширӣ аз вилояти Курски Русия ба кишварҳои ИИАО ва ИДМ
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон бештари маводи сӯхташро аз Русия ва Қазоқистон харидорӣ мекунад. Тоҷикистон барои таъмини бозори дохилӣ бештар аз Қазоқистон гази моеъ харидорӣ мекунад.